Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нақлиётӣ

6-уми майи соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “BYD”, Баротов Мирқурбон, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Юсуфзода Имрон Мансур, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст. 
Дар натиҷа ноболиғ Юсуфзода Имрон  ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас шудан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур таҳқиқот ба роҳ монда шудааст.

08.05.2026 8:28
41