Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд

Кормандони милитсия Маматқулов Ҳикматулло Абдуллоевич соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Мастчоҳро бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд
Гумонбаршаванда 29-уми апрели соли 2026, тахминан соати 09:00 дар назди хонаи истиқоматиаш бо амакаш Маматов Абдумуталиб Абдумуъминович  соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҷайбаш кордро гирифта як маротиба ба шикамаш зарба задааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати Маматқулов Ҳикматулло бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

08.05.2026 8:24
47