Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии варзишӣ дар шаҳри Норак

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва маърифативу тарбиявӣ баргузор гардида истодаанд, ки дар таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон нақши муасссир доранд.
Ба ҳамин муносибат дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук (Пойга) баргузор гардид, ки дар он аз Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 50 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузор намудани чунин машғулиятҳо дар арафаи Рӯзи ҷавонон гувоҳи он аст, ки роҳбарияти мамлакат ба ин қишри ояндасози Ватан таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

07.05.2026 16:44
22