Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳифзи суботу оромии ҷомеа устуворем!

Дар мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар омилҳои халалдоркунандаи суботи ҷамъиятӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар нақши назаррас доранд. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (РМЗГҒММ) Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба иҷрои супоришу вазифагузориҳои Президенти мамлакат, ки аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, инчунин ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани дастурҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ин аст, ки бо назардошти вазъи пешгӯинашавандаи минтақаву ҷаҳон, ки дар назди давлатҳо як қатор уҳдадориҳоро пеш меоваранд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 дар назди сохторҳои қудратии мамлакат чунин вазифагузориҳо карданд: “...сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”.
Ҳамин аст, ки кормандони РМЗГҒММ ВКД ва ҷузъу томҳои он давоми се моҳи сипаришудаи соли равон дар самти пешгириву ошкор намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Мавриди зикр аст, ки раёсат фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ монда, иҷроиши мунтазам ва саривақтии онҳоро таъмин менамояд. Ҳамзамон, раёсат дар самти амалисозии талаботи “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки имрӯзҳо раванди амалисозии он идома дорад, корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст.
Ногуфта намонад, ки бо назардошти он ки самти асосии фаъолияти раёсат мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар мебошад, кормандони худи раёсат дар ин самти муҳим давоми се моҳи аввали соли равон як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, дар ин муддат аз тарафи ҳайати шахсии раёсат, дар маҷмуъ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 171 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст. Аз ин теъдоди умумӣ зиёда аз 67 килограмро афюн ташкил медиҳад.
Гузашта аз ин, бояд махсус қайд кард, ки мубориза бо нашъаҷаллобӣ, алалхусус ҳолатҳои паҳнсозии навъҳои гуногуни моддаҳои мадҳушкунанда миёни аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, бо супориши Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд. Тавре маълум аст, фурӯши ғайриқонунии моддаҳои мадҳушкунанда, ки онҳо низ ба гурӯҳи воситаҳои нашъадор мансуб ҳастанд, мувофиқи қонунгузории кишвар, манъ мебошад. Ин аст, ки дар муддати сипаришудаи соли равон зиёда аз 90 кг моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла 450 адад ҳабҳои сахттаъсир (трамадол) дарёфт ва гирифта шудааст.
Бояд таъкид кард, ки бо ба даст овардани ин миқдор маводи мадҳушкунанда, ки ба саломатии шаҳрвандон, хусусан ноболиғону ҷавонон таъсири ниҳоят хатарнок доранд, андаке ҳам бошад тавонистаем дар ҳифзи солимии ҷомеаи кишварамон саҳм гузорем.
Аммо, новобаста аз он, ки вақтҳои охир дар дохили ҷумҳурӣ мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пурзӯр гардида, миқдори зиёди воситаҳои нашъадор мусодира карда мешавад, вале тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳоло ҳам кам нестанд нафароне, ки ба хотири дарёфти фоидаи муфт ҳаёти ширини худро тираву тор мегардонанд. 
Самти муҳимми дигар, ки кормандони раёсат натиҷаи назаррас нишон дода истодаанд, муайяну ошкор намудани ҳолатҳои ташкил ва нигоҳдошти фасодхонаҳо дар ҳудуди кишвар мебошад. Баъд аз дастури роҳбарияти ВКД ҷиҳати ошкору аз байн бурдани чунин фасодхонаҳо, ки ҷойи ҷалбу ҷамъшавии нашъамандон ва дигар навъи ҷинояткориҳо мебошанд, мақомоти корҳои дохилӣ ба таври ҷиддӣ дар ин самт муваззаф гардонида шуданд. Бо пурзӯр намудани чорабиниҳо дар самти зикршуда дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар умум 25 ҳолати ташкил ва нигоҳдошти фасодхонаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ошкор карда шуд. Дар натиҷа, 117 нафар нашъамандон ба ҷузъу томҳои мақомот дастрас карда шуданд.
Махсус бояд қайд кард, ки аз 25 ҳолати ташкил ва нигоҳдошти фасодхонаҳо, ки дар ин муддат аз тарафи воҳидҳои гуногуни мақомот ошкор карда шуданд, 11 ҳолаташро кормандони Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифтаанд.
Дар самти корбарӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои нашъамандӣ ва истеъмоли моддаҳои психотропӣ дар байни аҳолӣ, дар ин муддат аз ҷониби раёсат як қатор чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва тариқи сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ филмҳои мустанади «Ҳушдор - вабои аср», «Сояи марг» ва 35 видеоролики таблиғотӣ намоиш дода шуданд.
Ҳамзамон, кормандони раёсат дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавӣ дар барномаҳои таблиғотии пешгирикунанда дар шабакаҳои телевизионӣ иштирок карда, дастури методӣ дар мавзуи «Метамфетамин ва хатари он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби раёсат омодаи чоп гардид, ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шуд.
Гузашта аз ин, ба хотири пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ миёни аҳолӣ, хусусан ноболиғону ҷавонон, кормандони раёсат чорабиниҳои тарғиботиро пурзӯр карда, давоми се моҳи соли ҷорӣ бо иштироки фаъоли онҳо дар муассисаҳои таълимии тобеи ВКД, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, вохӯриҳои судманд гузаронида шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз андешаҳои худ таъкид карданиам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз 10 ноябри соли 2025, зимни таҳлили вазъи ноороми ҷаҳон дар назди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар як қатор вазифаҳо гузоштанд, ки бовар аст иҷрои саривақтии онҳо аз тарафи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла кормандони Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД боиси боз ҳам пешрав гардидани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ хоҳад шуд. Роҳбари давлат, ин навбат чунин ибрози андеша карданд:
“Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.
Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд”. 
САТТОРЗОДА  А.А., сардори РМЗГҒММ ВКД ҶТ, полковники милитсия

07.05.2026 16:19
17