Барои илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд!
Масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни онҳо ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз аз вазифаҳои асосии кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин аст, ки кормандони ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аз ҷумла, чунин як чорабинии мақсаднок бо иштироки масъулини шуъбаи ҷавонони ин раёсат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Тавре аён гардид, ҳолати таълиму тарбия дар ин таълимгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар он риояву иҷро карда мешаванд.
Кормандони милитсия дар вохӯрие, ки пас аз чорабинии мақсаднок гузарониданд, изҳор доштанд, ки имрӯз соҳаи мактабу маориф мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дастгирии ин бахш ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияту таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, алалхусус дар мактабҳои олӣ тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Дар идома, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мавзуи хатари терроризму экстремизм ба ҷомеаи инсонӣ, ватандӯстӣ, корҳои ободонию созандагӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва донишҳои замонавӣ низ ибрози андеша карда шуд. Тавре таъкид гардид, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар, хусусан дар ҳудуди шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе, корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, симои шаҳр торафт дигаргун шуда истодааст. Ва боиси ифтихору дастгирист, ки дар чунин корҳои ободонию созандагӣ ҷавонони кишвар саҳми назаррас доранд.
«Барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, бо иқдоми бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми чанд соли охир теъдоди зиёди толору майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт сохта шудаанд. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки ноболиғону ҷавонони мо ба амалҳои зиддиҷамъиятӣ даст назада, дар вақтҳои холӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд», - гуфта шуд дар ҷараёни вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ.
Дар интиҳои чорабинии мазкур қайд гардид, ки риояи тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олӣ ба манфиати донишҷӯёну омӯзгорон буда, боиси боз ҳам беҳтару хубтар гардидани ҳолати таълиму тарбия дар байни ҷавонон мешавад. Гуфта шуд, ки тақвият бахшидани робита миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки дар қонунгузории марбутаи кишвар дарҷ карда шудааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ бо дигар сохторҳои дахлдор дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чунин чорабиниҳои пешгирикунанда ва тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.
















