Кинология ва саҳми арзандаи ӯ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткори ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ.
Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилӣ дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти № 598-20 «Дар бораи эълон намудани сохтори вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта ва бо Фармони ВКД аз 14 феврали соли 2007 таҳти № 95 эълон карда шудааст.Фаъолияти Маркази хадамоти кинологӣ бо мақсади таъмин намудани ташкили фаъолият ва омодакунии мутахассисон-кинологон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии сагони махсуси муҳофизатӣ ва посбоникунанда, ки ҳангоми пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо истифода мегарданд, пойгоҳи асосӣ барои нигоҳдорӣ, бадастоварӣ, парвариш ва зиёдкунӣ, инчунин тайёр намудани сагони хизматӣ, хизматрасонии бойторӣ ба онҳо, ҳамчунин таъмин намудани сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо сагони хизматӣ пешбинӣ шудааст.
Бо дастгирӣ ва ташабусси бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони Маркази хадамоти кинологӣ бо сагҳои хизматӣ дар тамоми чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳифзи тартиботи амнияти шаҳрвандон ва дар ошкор намудани ҷиноятҳо саҳми худро гузоштаанд. Инчунин кормандони Маркази хадамоти кинологӣ бо сагҳои хизматӣ, дар амалиётҳои зидди террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сидқан ва далерона иштирок намуда, саҳми худро то ҳол мегузоранд. Дар ин муддат кормандон ва роҳбарияти Маркази хадамоти кинологӣ бисёр корҳои зеринро ба анҷом расонидаанд. Аз он ҷумла, ба даст овардани сагҳои хушзоти Малинуа, Куртсхаар, чорвобони Олмонӣ, Спанел, Лабрадор, Доберман ва Ротвеллер, ки бо сифати баланди корӣ аз мамлакатҳои хориҷи кишвар оварда шудаанд. Бо ин намуди зотҳо дар Маркази хадамоти кинологӣ корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ гузаронида шуда, ҳоло аз ин сагҳо насли хушзот гирифта шуда, дар мақомоти корҳои дохилӣ истифода бурда мешавад.
Аксарияти наслҳои гирифташуда, мувофиқи тақсимот дар Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи таъминоти махсуси ВКД, РВКД шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни корӣ истифода бурда мешавад.
ДарМаркази хадамоти кинологӣ сагони хизматӣ дар самтҳои бӯйи изгирӣ, самти кофтукови маводҳои мухаддир, самти кофтукови моддаҳои тарканда ва лавозимотҳои ҷангӣ, самти ҷустӯҷу ва наҷотдиҳӣ, самти парокандакунии ошубҳои оммави омода карда мешванд. Инчунин бояд қайд намоем, ки дар самти амнияти бехатарии шаҳрвандон ва меҳмонони ба ҷумҳури дохилшаванда, ҳангоми чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ, варзишӣ, ташрифи меҳмонони олиқадр саҳми кинологон ва сагҳои хизматӣ хеле назаррасс мебошад.
Имрӯз Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як сохтори пуриқтидор табдил ёфта рӯз аз рӯз боз барои рушду равнақи худ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Сохтори Маркази хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 шуъбаю қисмҳо иборат буда, инсунин дар ҷузъу томҳо низ фаъолият мебаранд.
Маркази хадамоти кинологӣ дар давраи фаъолияти худ барои инкишоф ва зиёд кардани дониш ва малакаи касбии кормандони хадамоти кинологии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 нафар шунаванда дар давлатҳои Австрия, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон ҳамчун мутахассиси ин соҳа тайёрӣ дидааст, инчунин дар Маркази мазкур бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ дар соҳаи кинологияи хизматӣ курсҳои тайёрии хизмати кинологӣ ташкил намуда, зиёда 210 нафар кинологони мақомоти корҳои дохилӣ соҳиби сертификат гардидаанд. Қайд карданд ба маврид аст, ки дар назди Қисми махсуси таълимии Маркази мазкур ҳамасола накам аз ду маротиба курсҳои кутоҳмуддат ва як маротиба курси пурра тайёрии кинологӣ гузаронида шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд.
Бо истифодабарии сагони хизматӣ чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили куштор, ҳолати дарёфти маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, ҷиноятҳои ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон ва дарёфти ҷасадҳои бедаракгумшуда ошкор карда шудааст.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2009 Маркази хадамоти кинологӣ, ба бинои нав кучонида шуда, ҳудуди он аз 1.2 Га замин иборат буда, дар он майдони машқи сагони хизматӣ, майдони варзишӣ, бинои маъмурӣ ва 50 адад хоначаҳо барои сагони хизматӣ ҷойгир карда шудааст, ки барои омода кардани сагони хизматӣ ва тайёр намудани мутахассис кинологӣ тамоми шароит муҳайё мебошад.
Сардори МХК ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
полковники милитсия Раҷабзода Олим Раҷаб

















