Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷинояти қаллобӣ ошкор гардид

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми сентябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии  сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, аз ин маблағ 50 ҳазор сомониашро дода ваъда додааст, ки боқимондаи маблағро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо автомашинаи мазкурро ба дигар шахс фурухта то ҳол маблағи 50 ҳазор сомониро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

07.05.2026 10:03
37