Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳашар дар Боғи Ғалаба

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти шиори “Ҳеҷ кас ва ҲеҶ чиз фаромӯш нашудааст” имрӯз (06.05.2026с.) ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди пойтахт дар Муассисаи давлатии «Боғи ғалаба ва нигоҳдошти ҷангал»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳашари умумӣ доир намуданд. Дар ин чорабинӣ Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот, муовини сардори Раёсат полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, ҳайати шахсии Раёсати мазкур инчунин зиёда аз 500 нафар ҷавонони фаъоли кишвар иштирок карданд.     
Кормандони милитсия ва ҷавонони фаъол дар ҳудуди Боғи Ғалаба бо тоза кардану рубучин ва берун кардани партовҳо, аз роҳравҳо, майдонҳо ва талу теппаҳо, гирду атрофи дарахтзорҳо ва ғайра,  тибқи тақсимоти маъмурияти «Боғи Ғалаба», дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар тозаву покиза кардани як гушаи диёр сахми арзанди худро гузоштанд. 
Аз байн бурдани ҳар гуна намуди маводҳои ғайр ҳусни боғро боз ҳам рангинтар сохта, барои ҳар як бинанда ва ташрифоваранда, хушоянд гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки Кормандони Раёсати мазкур дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин пайваста ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Абдулло Шоҳиён

07.05.2026 8:51
52