Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 27-уми феврали соли 2025, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур даромада,  бо ваъдаи омода намудани раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо ва сафар намудан ба Ҷумҳурии Сербия 6 ҳазору 600-сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ӯро низ ҳамин тавр фиреб додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 иловаи 2 моддаи 335 ва қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

06.05.2026 8:28
51