Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии гуруҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони САҲА дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия

Дар раванди ислоҳоти милитсия ва такмили зерсохторҳои ВКД ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар, баланд бардоштани сифати таълим ва бозомӯзӣ дар Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Толеҳзода Азам, сардори Маркази таълимӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод, сардори Маркази илмӣ-тадқиқотӣ, подполковники милитсия Алимардонӣ Манучеҳр ва ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, майори милитсия Субҳонзода Абдуманнон санаи 4 майи соли 2026 ба шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия сафар намуданд.
Дар Дафтари барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Сербия вохӯрии гуруҳии кории ВКД бо намояндагони ин ташкилоти хориҷӣ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари барнома муҳтарама Каролина Ҳидеа ташрифи меҳнононро хайрумақдам намуд. Зимни чорабинӣ номбурда оид ба фаъолияти САҲА дар самтҳои ҳуқуқи инсон, таъмини бехатарии иҷтимоӣ, пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ибрози назар намуд.  
Сипас, сардори раёсати ҳамкорӣ дар самти бехатарии Дафтари барномавии САҲА Валентин Михайлов меҳмононро бо тартиби ташкил ва фаъолияти сохторҳои гуногуни таркибии САҲА шинос намуд. Зимни шиносоӣ намояндагони раёсатҳои дахлдори САҲА дар шакли рӯйнамо оид ба фаъолияташон дар самтҳои ҳуқуқи инсон, бехатарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ ва фаъолияти марказҳои таълимии ВКД Сербия, инчунин оид ба омода намудани барномаҳои таълимӣ, маводҳои дедактивӣ ва тартиби гузаронидани дарсҳои амалӣ, баромад намуданд.
Сафари гуруҳи кории ВКД дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия идома дорад.

05.05.2026 13:53
129