Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шуда, комиссия вазифадор гардид, ки барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар партави сиёсати ғамхорона ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартарафсозии паёмадҳои офати табиие, ки дар шаҳри Кӯлоб ба амал омад, кормандони милитсия, сарбозону афсарони қисми ҳарбии 3506-и Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва омӯзгорону муҳассилини Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуданд.
Мариди зикр аст, ки аз лаҳзаҳои аввали сар задани офат, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди хизматӣ ба корҳои наҷотдиҳӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои хавфнок, расонидани кӯмакҳои аввалия ва барқарорсозии инфрасохтори осебдида ҷалб гардиданд. Дар лаҳзаҳои ҳассосу вазнин кормандони милитсия кӯмаки худро ба аҳолӣ дареғ надошта, дар шароити душвору хавфнок шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҷони шаҳрвандонро ҳифз карданд ва барои паст кардани хисороти офат саҳми назаррас гузоштанд.
Ин амали кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари намунаи олии ватандӯстӣ будан, ҳамчунин қарз ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

















