Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии хонандагон аз фаъолияти милитсияи Хатлон

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои судманд ва занҷираи алоқаи сеҷониба байни милитсия, мактаб ва ҷомеа як гурӯҳ хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварда, ба фаъолияти хизматии кормандони милитсия аз наздик шинос шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон, шиносоии онҳо бо фаъолияти мақомоти милитсия ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар байни наврасон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои  пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ диққати махсус дода шуд. Кормандони Раёсат таъкид карданд, ки наврасону ҷавонон бояд аз амалҳои номатлуб, аз ҷумла шомил шудан ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ, истифодаи маводи мухаддир ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
Хонандагон инчунин имконият пайдо карданд, ки бо техника ва таҷҳизоти муосири милитсия, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва дигар таҷҳизоти махсус шинос шаванд. Ин гуна шиносоӣ таваҷҷуҳи онҳоро ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ боз ҳам бештар гардонид.
Дар анҷоми боздид, хонандагон изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳои ҳуқуқӣ барои онҳо хеле ҷолиб ва муфид мебошад. Онҳо қайд карданд, ки маълумоти гирифташуда ба онҳо дар интихоби касби оянда ва дарки беҳтари масъулиятҳои шаҳрвандӣ кӯмак мерасонад.
Воқеан баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими робитаи байни мактаб ва милитсия, инчунин дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад.

04.05.2026 18:36
30