Таҳқиқи навор
Санаи 3 май дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар ҳудуди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳаракати воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота” рақами қайди давлатиаш 53 80 АА 20 бо ҳолати ҷангҷӯёна, бо иштироки наврасон дар даст силоҳ ва ашёи дудпаҳнкунанда инъикос ёфтааст. Мақомоти корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки навори мазкур аз ҷониби як гуруҳ наврасон ҳангоми иштирок дар чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ сабт шудааст.
Ҳангоми сафарбар шудан ба машғулияти амалӣ дар чорабинии мазкур, ки дар дохили Литсейи №1 шаҳри Бӯстон санаи 2 май гузаронида шудааст 4 нафар хонандагони Литсей берун аз нақшаи тарҳрезишудаи “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” амал намуда, ба зиёдаравӣ роҳ дода ҳолати ҷангиро бо истифода аз силоҳи таълимӣ, саҳнасозӣ ва онро ба навор гирифтаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорбиниҳои санҷишӣ масъулини мақомоти корҳои дохилӣ шахсияти 4 нафар хонандаи дар навор инъикосёфта аз литсейи №1 шаҳри Бӯстон ва 3 нафар хонандаи МТМУ №4 шаҳри мазкурро муаяйн намудаанд, ки омилони паҳн гаштани навори ҳангомаҷӯёнаи ба эҳсосоти аҳолӣ таъсиррасонанда мебошанд.
Ҳолати мазкур пурра санҷиш карда шуда нисбати шахсони масъул чораҳои интизомӣ андешида шуда истодааст