Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 30-сола, сокини шаҳри Конибодом, 27-уми апрели соли 2026 тахминан соати 13:00 барои аёдати падару модар ба хонаи онҳо омада, 150 ҳазор рубли русӣ ва 3-адад ангуштарини тиллоии модараш зани 58-солаи сокини ҳамон шаҳрро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 48-солаи сокини шаҳри Исфара, 28-уми апрели соли 2026, тахминан соати 02:00 дар роҳи «Хуҷанд-Конибодом» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров 1-сар аспи марди 45-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки арзишаш 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















