Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-сола, сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми апрели соли 2026, тахминан соати 19:20-дақиқа, бо ҳамроҳии рафиқонаш дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, марди 40-солаи сокини пойтахтро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо истифодаи таҳдид ва зӯроварӣ аз ҷайби номбурда, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-нот 8”, ки арзишаш 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

04.05.2026 10:57
45