Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суръатафзоӣ боиси марги ронандаи мототсикл гардид

30-юми апрели соли 2026, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи мототсикл Нураллиев Боймурод Ҳайбуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Вахдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ба самти ноҳияи Ҷайҳун, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба автомашинаи тамған “Хундай-Старекс”, ки таҳти идораи Саймуродов Зайдулло Асадуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Панҷ қарор дошт, бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Нураллиев Б.Х. ҷароҳати гуногун бардошта, ба беморхона дастрас гардида, мутаасифона, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

02.05.2026 8:27
73