Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин ворид гардидааст, ки 25-уми апрели соли 2026, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 14-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми апрели соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётиаш, ки дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ҷойгир мебошад даромада, аз он ҷо 600-сомонӣ ва якчанд адад қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳоро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 40-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.














