Тамаъҷӯӣ аз ҷониби як нафар зан
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи декабри соли 2025, бо воситаи шабакаҳои интернетии «Вотсап» ба марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур паёмак навишта, бо мақсади тамаъҷӯӣ ба ҷабрдида расмҳои уриёни ӯро, ки дар вақти муносибатҳои маҳрамона доштанашон ба телефони мобилиаш сабт карда будааст, ирсол намуда, таҳдид менамояд, ки ба ғайр аз ин расмҳо ӯ боз дигар намуди расмҳои уриён ва видеонаворҳои ӯро дорад ва ҳангоми ба ӯ маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ надоданаш ин аксу наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн менамояд.
Гумонбаршаванда барои амали гардонидани мақсади ҷинояткоронаи худ, бар ивази аз хотираи телефонаш нобуд сохтани расмҳо ва видеонаворҳои уриёнии ӯ бо роҳи тамаъҷуӣ аз ҷабрдида маблағи 30 ҳазор доллари амрикоиро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















