Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавони 22-сола барои роҳзанӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми апрели соли 2026, тахминан соати 03:30-дақиқа, дар назди маркази дилхушии «Шоми Душанбе»-и маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд марди 40-сола шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистонро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт бо мақсади роҳзанӣ бо истифодаи зӯроварӣ ба қафои ширкати сохтмонии ҶДММ «Маскан сохтмон»-и маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд бурда, бо санг як маротиба ба қисмати қафои сараш зада, лату кӯб намуда, ҷароҳат расонидааст. Сипас, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Нот 10» арзишаш ҳазор сомонӣ ва 9 ҳазору 620-сомонии ҷабрдидаро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.05.2026 8:18
35