Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

29-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс», Норқузиев Аслиддин Мирзомиддинович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Дашти ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархаи тамғаи «Скутер» таҳти идораи ронанда Тошматов Акмалҷон Абдурауфович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ашт бархурдааст. 
Дар натиҷа ронандаи скутер Тошматов А. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Инчунин, 29-уми апрели соли 2026, тахминан соати 14:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мелибоев Рашид Раҳимҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Ашт, дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ашт, аз сабаби норасоии техникӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, автомашинааш чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофири автомашина Комилов Муҳаммад Абдувоҳидович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳат бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

01.05.2026 8:46
37