Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани азонихудкунии маблағ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз соли 2024 то лаҳзаи дастгир шуданаш ҳамарӯза аз банкоматҳои ба ӯ вобастабуда, бо роҳи тағйири иттилоот ва дидаю дониста ба онҳо дохил намудани иттилооти бараъло бардурӯғ ҷиноят содир карда, маблағи калони пуллӣ ба даст овардааст.
Ҳамин тавр гумонбаршуда аз банкоматҳои ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе назди бозори “Меҳргон” ва шаҳри Ваҳдат насб шудаанд, бо тағйир додани иттилоот аз дохили онҳо маблағҳои пуллиро ба даст овардааст.
Боздоштгардида дар муддати ду сол, аз 19-адад банкоматҳои ба ӯ вогузоршуда, маблағи пуллӣ ба миқдори 1 милиону 474 ҳазору 950-сомониро тасарруф кардааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

01.05.2026 8:42
35