Ошкор гардидани қаллобӣ ба маблағи 13 ҳазор доллар
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Гулистон муроҷиат намудааст, ки 20-уми сентябри соли 2025, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, қарор доштанаш марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Раф-4” арзишаш 28 ҳазор доллари амрикоиро нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 15 ҳазор доллари амрикоиро дода, ваъда додааст, ки боқимонда маблағашро баъд аз 1-моҳ бармегардонад, аммо гумонбаршаванда автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















