Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 6-уми августи соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили иҷоравии ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз онҷо ҷавоҳироти тилоӣ ва 300-доллар амрикоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 18-уми апрели соли 2026, тахминан соати 22:00 дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар маркази дилхушии «Шоми Душанбе» воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи фурӯши нӯшокиҳои спирти як адад телефони мобилии тамғаи «Xiaomi 13 Laif», ки ба марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, тааллуқ дорад дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

01.05.2026 8:36
38