Семинари тарбиявӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли ҳабҳои психотропӣ ва мубориза бо маводи мухаддир
28-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ семинар ҷиҳати пешгирӣ намудани истеъмоли ҳабҳои психотропӣ ва дигар намуди маводи мухаддир доир гардид.
Чорабиниро масъули соҳаи маораф оғоз намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ, мудири шуъбаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Садирзода А.Х. ва нозири калони Гуруҳи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Фархор подполковники милитсия Сафарализода А.С., иштирок доштанд.
Мудири шуъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Садирзода А.Х. оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, илму маърифат, донишомӯзӣ ва дигар масъалаҳо, ки доғи рӯз гардидаанд, ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки хонандагонро мебояд забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд, падару модарро эҳтиром намуда, ба қадри омӯзгорон бирасанд.
Нозири калони ГОПҲНҶ ШВКД дар ноҳияи Фархор подполковники милитсия Сафарализода А.С. оид ба зарару зиёни воситаҳои нашъадор ва ҳабҳои психотропӣ маълумот пешниҳод карда, ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуб таъкид кард. Зикр гардид, ки нашъамандӣ, калян ва ҳаргуна бозиҳои компютерӣ, боиси нофаҳмӣ байни хонандагон гардида, оқибат ба ҷинояткорӣ анҷом меёбад.г
Дар фарҷоми ҷаласа муовини якуми Раиси ШҶ "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ оид ба саҳми варзиш дар байни наврасону ҷавонон, эҳтироми падару модар ва устодон, дӯст доштани ватани азизамон ва дигар корҳои тарбиявӣ суҳбати пурмӯҳтаво доир намуд.






















