Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоҳангии фаъолият ба манфиати ҷомеа

Дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии сардори шуъба полковники милитсия Анвар Раҳмонзода бо роҳбарони сохторҳои Ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, деҳоту маҳаллаҳо, намояндагони соҳаи маориф, тандурустӣ, ходимони дин ва фаъолон баргузор гашт. Ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо ва ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, муқовимати устувор бар зидди ҳамагуна унсурҳои халалдоркунандаи  тартиботи ҷамъиятӣ мавзӯи меҳварии ин мулоқот буд. Ба ҳамкории байни милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ карда шуда гуфта шуд, ки ҷараёни фаъолияти дурусти он метавонад дар таъмини тартибот ва пешгирӣ аз ҳамагуна кирдорҳои зидиҳуқуқӣ мусоидат кунад. 
Дар асоси дастуру супоришҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ додаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли нишаст ба мавзӯи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мафкураи ҷомеа аз фаҳмишҳои зиёновари бегонапарастӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан ҷалб карда шуд. Тарғиби зиндагӣ аз рӯйи меъёри қонун дар байни аҳолӣ, даъвати сардори милитсияи ноҳия аз иштирокчиёни чорабинӣ буд, ки ҳамоовозӣ пайдо намуд. Ҳар чи қадаре, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад ҳамон қадар содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ коҳиш меёбад иброз дошт Анвар Раҳмонзода. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт бетараф набошанд ва бо роҳандозии корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар боло бурдани маънавиёти ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии сокинон саҳмгузор бошанд.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо пешниҳоди сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби кормандони милитсия бо ҷалби намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва раисони маҳаллаҳо гуруҳҳои фаъоли кории таблиғотӣ таъсис дода шуд. Самти фаъолияти гуруҳҳои корӣ роҳандозии корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ буда дар тамоми минтақаҳои ноҳия сафарбар карда мешаванд. Дар хотима таклифу пешниҳоди иштирокчиён шунида шуда, иштирокчиёни вохӯрӣ омодагии хешро ба ҳамкорӣ иброз доштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

30.04.2026 16:41
58