Вохӯрӣ бо донишҷӯён
Рӯзи 27 апрел дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи огоҳонии пешгирии ҳуқувайронкунӣ ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, вохӯрии сардори шуъба подполковники милитсия Абдумаҷид Ҷалилзода бо донишҷӯёни Донишкади кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон доир гашт. Чорабинии маърифатиро муовини аввали ректори Донишкада Давлатзода Давлат оғоз бахшида баргузории онро барои тарбияи ҷавонон дар самти риояи қонуну тартибот, огоҳ шудан аз оқибати қонуншиканӣ ва роҳнамоӣ ба хислатҳои ҳамида муҳим арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳ ба камолоти маънавию ахлоқии ҷавонон аз ҷониби милитсия ба он хотир аст, ки насли солиму худогоҳ, ватандӯсту ташаббускор ва орӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ба воя расида, нафъи онҳо ба ҷомеа ва давлат бирасад. Ҳамчунин аз ташаббусу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ёдоварӣ карда шуд, ки мунтазам ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, донишу маҳорат, дастовард ва ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҷонибдорӣ намуда, муҳити созгор барои ҷавонон фароҳам меоранд.
Сардори ШОПҲНҶ Раёсат подполковники милитсия Абдумаҷид Ҷалилзода дар оғоз таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон ҷалб намуд. Содир кардани кирдори ба ҷомеа хавфнок, сарнавишти доғдор ва пайёмадҳои он, зуҳуроти номатлуби нашъамандӣ, хатокорона пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ҷиноятӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва хавфу хатари тероризму экстремизм, тақлиди кур куронаи бегонапарастӣ мавзуъҳое буд, ки намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ намуда бо мисолҳои воқеӣ оқибати онро шарҳ дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нақши созандаи ҷавонон дар рушди ояндаи кишвар, бо навовариҳо ва дастовардҳои илмиву ихтироъкорӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид рафта, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият, ифтихор аз Ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фаъолияти намунавӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт танҳо аз ҷиҳати мусбӣ Ватанро муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон зимни мулоқот ба таъриху фарҳангӣ миллӣ, адабиёт, илм ва ҷоннисориву хизматҳои арзандаи қаҳрамонҳои халқи тоҷик ба мисли Куруши Кабир, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Абуабдуллои Рӯдакӣ, Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик таваҷҷуҳ карда шуда, перомуни он ба донишҷӯён маълумот доданд.
Дар анҷоми мулоқот аҳамияти давраи донишҷӯйӣ бори дигар таъкид карда шуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки вақти худро зоеъ нагузаронида ба донишандӯзӣ, иҷрои тавсияи омӯзгорон ва риояи талаботи муқараршудаи донишкада сайъ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри пешгирии содиршавии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа аз ҷониби Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсат “Нақшаи вохӯриҳо бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят” барои соли хониши 2025 - 2026 ба расмият дароварда шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.




















