Ҳалокати пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ
28-уми апрели соли 2026, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шевралет-Оптра”, Юлдашов Бахтиёр Ибрагимович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмадносири Зиёдалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Маҳмадносири З. ҷароҳати гуногун бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















