Ифшо шудани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми апрели соли 2026, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хобгоҳи муввақатии коргарон, воқеъ дар мавзеи деҳаи Зелолаки ҷамоати деҳоти Шуғнови ҳамин ноҳия даромада, як адад насоси “Экскватор-933” арзишаш 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ховалинг содир намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

















