Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳдиди куштан

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ 7-уми апрели соли 2026, тахминан соати 14:00 бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Хундай-Саната», ба манзили истиқоматии шиносаш марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳозир гашта, бо баҳонаи он, ки нисбаташ марди 35-сола дар ҳудуди деҳа овозаҳо паҳн намудааст, ки гӯиё гумонбаршаванда бо зани шавҳардор муносибати ошиқона пайдо намудааст, ҷабрдидаро ба автомашина савор карда, ҳангоми идора намудани автомашина, аз дари автомашина 1-адад корди хоҷагиро гирифта, ӯро ҳақорату дашном карда, таҳдиди куштан мекунад.
Ҷабрдида аз тарсу ҳарос корди дар даст доштаи гумонбаршаванро гирифтани мешавад, ки дасташро бо корд бурида, ҷароҳат бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.04.2026 8:09
42