Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми апрели соли 2026, тахминан соати 21:00 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз онҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 201 ҳазору 310-сомониро ташкил медиҳад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

29.04.2026 8:08
35