Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, бо мақсади амалӣ намудани раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дафтари мазкур ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 60 адад камераҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Таҷҳизоти пешниҳодшуда ҷиҳати таҳким бахшидан ба фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД  дар шаҳри Душанбе равона гардидааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои зикршуда дар доираи татбиқи барномаҳои ислоҳоти милитсия ва тақвияти иқтидори  мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

28.04.2026 18:14
97