Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

26-уми апрели соли 2026, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Қобилов Беҳрӯз  Қосимҷонович, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар 227 километри ҳудуди шаҳри Истаравшан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба муқобили самти ҳаркати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Актрос», таҳти идораи Бобоҷонов Алишер Абдуғафурович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Сангинов Абдулхайр Хушнудович, соли таваллудаш 2003, сокини ҳамин шаҳр аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳат бардоштааст. 
26-уми апрели соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Хондай портер”, таҳти идораи Раҷабов Аҳлиддин Гулмуродович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз дохили партовгоҳи деҳаи Чуртаки шаҳри Ваҳдат ба шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” баромада, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ба автомашинаи тамғаи “БМВ”, таҳти идораи Амонов Қудбидин Нуриддинович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Ваҳдат бархурдааст, ки дар натиҷа ноболиғ Раҷабов Исмоил Аҳлиддинович, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри мазкур, ки дар автомашинаи тамғаи “Хундай портер” савор буда, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ронандагони ҳарду автомашинаҳо Раҷабов А. Г. ва Амонов Қ.Н. ба саломатиашон ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

28.04.2026 8:18
79