Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян кардашуд, ки мардони 55 ва 50-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, бе иҷозатномаи дахлдори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2025, ба боварии ҷавонони 26 ва 25-солаи сокинони шаҳри мазкур даромада, бо мақсади ба ҷойи кори доимӣ таъмин кардан дар давлати Канада аз онҳо 32 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.
Нисбати марди 55-сола бо қисми 2 иловаи 2 моддаи 335 ва банди “а” қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















