СЕМИНАРИ ТАРБИЯВӢ ВА МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР МДТ КОЛЛЕҶИ МИЛИТСИЯ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, аз ҷониби гурӯҳи кории ВКД дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъол ва
мақомоти дахлдор дар МДТ Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб семинари муҳими омӯзишию тарбиявӣ таҳти унвони "Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб" баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми волидайну устодон ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ роҳандозӣ шуда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.
Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои бонуфуз иштирок намуда, бо суханрониҳои пурмуҳтаво баромад карданд, аз ҷумла:
– сардори МДТ Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб подполковники милитсия Нурулозода Меҳрулло;
– намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Алимов Баҳром;
– муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиқонунӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, махсуман саҳми ҷавонон дар пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ниҳоят назаррас арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки танҳо тавассути ҳамкории зич миёни курсантон, оила, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавон сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш дода, насли солим, худшинос ва масъулиятшиносро ба камол расонид. Ҳамзамон ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, варзиш ва фаъолияти созанда ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии кирдорҳои номатлуб маънидод гардид.
Дар ҷараёни семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, курсантон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин дар ин МДТ Коллеҷи милитсия мусобиқаҳои «Кикбоксинг» ва «Футболи хурд» баргузор гардида ба ғолибон медал, Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва туфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз намуди футболи хурд 18 даста байни худ мусобиқа доир намуданд ва чунин натиҷа ба даст оварданд:
-ҷойи аввал насиби дастаи "Сипоҳиён" курси 1-уми гуруҳи 103;
-ҷойи дуюм дастаи "Наимов" курси дуюм гуруҳи 202;
-ҷойи сеюмро курси сеюм гуруҳи 303 ишғол намуданд.
Аз ҷониби муовини якуми Раиси ШҶ "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён А.Н. бо курсантон нозукиҳои усулҳои худмуҳофизатии бесилоҳ гузаронида шуда, ба онҳо ҳолатҳои дастгиркунии ҷинояткор нишон дода шуд.


























