Машғул шудан ба сеҳру ҷоду
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 61-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ба сеҳру ҷоду ва фолбини машғул буда, бо ин амалаш аз шаҳрвандон маблағи пулӣ талаб карда гирифта ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Гумонбаршаванда қаблан 25-уми сентябри соли 2025, бо қисми 1 моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 76-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда шудааст.
Гумонбаршаванда, аз ин амалаш ба худ хулосаи лозими набароварда боз даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ноҳияи Вахш, 27-уми феврали соли 2026, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ба сеҳру ҷоду машғул шудааст, ки нисбаташ пеш бо қисми 1 моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо маблағи 6 ҳазору 240-сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шудааст.
Гумонбаршаванда аз кардаи худ хулосаи зарурӣ набароварда боз 20-уми апрели соли 2026, такроран дар манзили истиқоматиаш ба фолбини ва сеҳру ҷоду машғул шудааст.
Нисбаташ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















