Муайян шудани ҳолати дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардида, аз онҷо 1-адад дастгоҳи танзимкунандаи садо (Усилител) ва 1-адад дастгоҳи шидатдиҳандаи барқӣ (Стабилизатор)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















