Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳдиди куштан

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, ки қаблан соли 2012 бо қисми 2 моддаи 147  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони таҳдиди куштан дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 19-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 19:00 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш қарор дошта, бо ҳамсараш зани 53-солаи сокини ҳамонҷо ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ бо мақсади таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ намудааст, ки аз ин ҳолат духтараш ҷавонзани 24-солаи сокини ҳамонҷо огоҳи ёфта, пеши роҳи онҳоро гирифтааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 7-уми апрели соли 2026, тахминан соати 19:00 дар хонаи истиқоматиаш нисбати ҳамсараш  зани 53-сола таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ намуда, бо дасту пой ба сару рӯйи ҳамсараш пайиҳам зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, 8-уми апрели соли 2026, тахминан соати 10:00 дар ҳолати мастӣ тариқи телефони мобилӣ ба духтараш ҷавонзани 24-сола занг зада гуфтааст, ки «модарро огоҳ кун ки як рӯз не як рӯз ман модаратро кушта, баъдан паси панҷара менишинам», ки ҳамсараш аз чунин суханҳо хабардор шуда, зери тарсу ҳарос қарор гирифтааст. Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

25.04.2026 8:13
71