Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ 

23-юми апрели соли 2026, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Hozon Neta X”, Назаров Исмоил Назаралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомобили тамғаи “Тайота Вокс”, таҳти идораи Имомов Муҳаммад Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Hozon Heta X”, хурдсол Оймои Саъдӣ, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Давлатов Идимад Абдураҳимович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳат бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

24.04.2026 8:26
63