Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо мақсади ба фурӯш баровардани автомашинаи шахсиаш тамғаи «КИА К5»-ро ба сомонаи интернетии «Сомон ТҶ» гузошта онро ба маблағи 2 милиону 700 ҳазор рубли русӣ нархгузорӣ карда, 15-уми апрели соли 2026, дар ҳудуди шаҳраки Б.Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, автомашинаи мазкурро ба маблағи 2 милиону 350 ҳазор рубли русӣ савдо карда, ҳангоми гирифтани пешпардохт 1 милион рубли русӣ дастгир карда шуд. 
Далели шайъи гирифта шуда, нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

24.04.2026 8:22
46