Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

14-уми апрели соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мотосикли тамғаи “Барел”, Холмуродов Муҳаммад Рустамович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Назарови ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, бо дучархарон Мусаябов Худоёр, соли таваллудаш 1954, сокини пойтахт бархурдааст. 
Дар натиҷа дучархарон Мусаябов Х. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 21-уми апрели соли 2026, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
22-юми апрели соли 2026, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Ниёзов Маҳмуд Аслидинович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Валиев Ҷамшед Амирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара бархурдааст. 
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Валиев Ҷ.А. ба саломатиаш ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва мусофираш Одинаев Рамазон Абдулазизович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Данғара, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
22-юми апрели соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобомаликов Умри Исрофилович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷакент-Айнӣ”, дар ҳудуди хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, пиёдагард Холиқов Усмон Умриевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Холиқов У. ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

23.04.2026 8:13
50