Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба худкӯшӣ расонидани келин

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони ба худкушӣ расонидан дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи декабри соли 2023 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 21-сола сокини ноҳияи Айнӣ, муомилаи бераҳмона ва мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст, ки аз ҷабру зулми хушдоманаш ҷабрдида 2-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ ба соҳили дарёи «Зарафшон» рафта, худро ба дарё партофтааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.04.2026 8:10
87