Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани азонихудкунии маблағ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо фармоиши раиси Шурои Асотсиатсияи истифодабарандагони оби “Чашмаи замзам”, аз 21-уми феврали соли 2023 то инҷониб дар вазифаи директори Асотсиатсияи истифодабарандагони оби “Чашмаи замзам” дар шаҳри Ҳисор кор ва фаъолият карда, аз соли 2023 то ин ҷониб бархилофи талаботҳои қонунгузорӣ амал намуда, ғайриқонунӣ 32 ҳазору 22-сомонӣ маблағҳои махсуси суратҳисоби Асотсиатсияи истифодабарандагони оби “Чашмаи замзам”-ро бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакорӣ тартибдодашуда азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

23.04.2026 8:09
32