Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҳодисаҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми апрели соли 2026, тахминан соати 17:00 писараш ҷавони 21-солаи сокини ҳамонҷо ҳангоми дар кӯчаи Яккачинори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 28-солаи сокини пойтахт бо тариқи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии “Редми А-3Х”-ро тассарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2025, тахминан соатҳои 08:00 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар нуқтаи бозиҳои бурдноки букмекерии “Формула 55” қарор доштанаш бо тариқи ошкоро аз ҷайбаш 150-сомониро тассарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

23.04.2026 8:08
29