Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода, тибқи фармони директори ҶДММ “Султони Ҳаким”, аз 2-юми марти соли 2026, ба вазифаи намояндаи савдо дар шаҳри Турсунзода таъин гардида, ҳамчун шахси масъули молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноятӣ муқобили моликият зада, аз шаҳрвандон дар умум ба маблағи 62 ҳазору 686-сомонӣ аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала орд ҷамъоварӣ намуда, ин маблағҳоро ба хазинаи ширкати мазкур насупорида азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















