Таҳлили самти фаъолияти Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯзҳо ҳамагон шоҳиди онем, ки маҳс бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун як кишвари озод ва демократӣ мешносанд. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи радабандӣ ва санҷиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додаст. Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи маҳали зисташон бовар доранд, ин боварии мардум бевосита, аз хизматҳову корнамоиҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, яке аз ҷузъҳои таркибии Вазорати корҳи дохилӣ буда, Раёсати мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №598-20 аз 28 декабри соли 2006 “Дар бораи сохтори дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфта, бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 95 б/з аз 19 феврали соли 2007 эълон карда шудааст.
Бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 282 б/з аз 11 майи соли 2007 “Низомномаи Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шудааст.
То соли 2011 аз ҷониби кормандони Раёсати таҳқиқ танҳо арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон санҷида шуда, нисбати баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ таҳқиқи ибтидоӣ гузаронида мешуд. Бо ташабуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011, ба уҳдаи Раёсати таҳқиқ назорати самти фаъолияти амалияи маъмурӣ вогузор карда шуд.
Тибқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 24 августи соли 2012 “Дар бораи тасдиқи намунаи тартиби ягонаи ҳисоботи амалияи маъмурии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, намунаи ҳисоботи ягонаи фаъолияти амалияи маъмурӣ тартиб дода шуда, ин самт дар мақомоти корҳои дохилӣ ба танзим дароварда шуд.
То соли 2013 дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар варақаҳои гуногун протоколи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳисоботи аниқ надошт. Аз 28 феврали соли 2013, Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №11 “Дар бораи ҷорӣ намудани бланкаи ягонаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуда, дар ҷузъу томҳои ВКД намунаи ягонаи протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани самти фаъолияти амалияи маъмурӣ дар ҷузъу томҳои ВКД бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №454 аз 15 июли соли 2014 “Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти амалияи маъмурӣ дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ ҷиҳати беҳтар намудани самти мазкур чорабиниҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи мавриди таваҷуҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-половники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. қарор додани самти фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ натиҷаи ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ба буҷаи давлат ворид кардани ҷаримаҳои маъмурӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъд аз мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, натиҷаи ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ба буҷаи давлат ворид кардани ҷаримаҳои маъмурӣ тартиб додани протоколҳо маъмурӣ қариб ду баробар афзуда, маблағи ҷаримаи ситонидашуда ду баробарро ташкил медиҳад.
Тибқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 27 аз 27 августи соли 2015 “Дар бораи таъсис додани гуруҳҳои корӣ оид ба рӯёнидани қарзҳои калони пулӣ аз ҳисоби корхонаҳо, идора, хоҷагӣ ва муассисаҳо вобаста ба истифодаи қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе”, ба зиммаи Раёсати таҳқиқ таҳлил ва ҷамбасти натиҷаи гуруҳҳои корӣ оид ба рӯёнидани қарзҳои калони батаъхирафтода аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе вогузор карда шуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шуд. Сипас дар солҳои қаблӣ чунин гуруҳҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки то ҳол натиҷаи ҳаррӯзаи он аз тарафи кормандони Раёсати таҳқиқ мавриди таҳлил ва ҷамбаст қарор дода шуда, ба роҳбарияти вазорат пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади ба танзим даровардани самти фаъолияти амалияи маъмурӣ, аз 16 ноябри соли 2015, Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 718 б/з “Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал оид ба тартиби ягонаи фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бароварда шуда, самти мазкур ба КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд.
Дар асоси Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №65 аз 29 январи соли 2016 “Дар бораи тақсимоти уҳдадории субъектони ҳисоботдиҳандаи фаъолияти амалияи маъмурии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Раёсати таҳқиқ субъекти ҳамоҳангсоз дар самти фаъолияти амалияи маъмурӣ муқаррар карда шуда, назорати самти мазкур дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ин раёсат вогузор карда шуд.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии изофанависӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 34 б/з, аз 31 марти соли 2017 “Дар бораи ҷорӣ намудани варақаи ягонаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ҳар як ҷузъу томҳои ВКД варақаи ягонаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо рангҳо ва нишонаҳои махсус ҷорӣ карда шуд.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-половники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., тибқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 218 аз 6 апрели соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи Раёсати таҳқиқ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шуда, аз сари нав қабул карда шуд.
Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таҳлили самти фаъолияти амалияи маъмурӣ, гирифтани маълумот оид ба шахси ҳуқуқвайронкунанда, ҷазои татбиқшуда, иҷрои ҷазо ва муайян намудани ҳолатҳои такроршавии ҳуқуқвайронкуниҳо, тибқи фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ аз 20 июни соли 2022, таҳти №354 махзани бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷорӣ карда шуд.
Бо мақсади мутобиқ гардонидани варақаи ягонаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 382 б/з, аз 21 майи соли 2024 “Дар бораи ҷорӣ намудани варақаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, намунаи варақаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ҳамаи субъектони он дар алоҳидагӣ бо рақамгузорӣ, дараҷаи ҳимоя, ранги фарқкунанда ва тавсифи техникии он бо рангҳо ва нишонаҳои махсус ҷорӣ карда шуд.
Раёсати таҳқиқ ҳамчун субъекти ҳамоҳангсоз дар мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таҳлилу ҷамъбасти ҳолатҳои ошкор намудани қочоқ, воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифат, алалхусус маводи дорувории муҳлаташон гузашта ва қалбакӣ муқаррар гардидааст.
Тибқи талаботи банди 1, фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ аз 20 июни соли 2022 “Дар бораи ҷорӣ намудани махзани бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ” ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоргардида пас аз тартиб додани ҳар як протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми як шабонарӯз ба саҳифаи интернетии tahqiq.vkd.tj ворид мешавад.
Мақсади асосӣ аз таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани барномаи интернетӣ аз инҳо иборат аст:
- гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва шахси онро содирнамуда,
- муайян намудани такрори ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар давоми сол содир намудани он боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад;
- барои аз тарафи раёсатҳои оперативӣ гирифтани маълумоти махсус нисбати шахсони алоҳида;
- мутамарказонидани ҳисоботи фаъолияти амалияи маъмурӣ дар ҷузъу томҳои мақомот,
- пешгирии ҳамагуна изофанависиҳо,
- сохтакорӣ ва дигар омилҳои коррупсионӣ,
-иҷрои саривақтии ҷазои маъмурии татбиқшуда ва ситонидани маблағи ҷаримаи маъмурӣ;
- муайян намудани натиҷаи фаъолияти кории ҳар як корманд;
- кам ва зиёд шудани шумораи ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ,
- муқоисаи расидҳо тавассути КВД БА “Амонатбонк”;
- афзалиятнокии фаъолият дар ҷузъу томҳо;
- баҳогузории содиршавии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Бо дарназардошти ин, тамоми маълумотҳо аз лаҳзаи бақайдгирии ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ то иҷрои ҷазои татбиқгардида ва назорати фаъолият ба инобат гирифта шудааст. Вобаста ба ин, чунин маълумотҳо дар саҳифаи интернетӣ (махзан) аз тарафи субъектҳои ҳисоботдиҳандаи ҷузъу томҳои вазорат ворид карда мешавад:
- насаб, ном, номи падари ҳуқуқвайронкунанда;
- санаи таваллуд, рӯз, моҳ;
- рақами телефон;
- шахси воқеӣ мансабдор ё ҳуқуқӣ;
- шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ;
- суроғаи ҷойи зист;
- силсилаи протокол;
- моддаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- РМА (ҳуқуқвайронкунанда);
- мазмуни мухтасари қоидавайронкунӣ (бандҳо);
- санаи тартиб додани протокол;
- ном ва насаби шахси мансабдори ваколатдор;
- ҷинс (мард ё зан);
- тобеияти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тобеият;
- таърихи ҷазо, маблағи ҷарима;
- қайди иҷроиш, № расид;
Ин буд, ки аз лаҳзаи ҷорӣ намудани махзани ягонаи электронӣ дар Раёсати таҳқиқ тамоми ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида сабт карда мешаванд.
Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ бо мурури пешрафти илму техника тарзу усули корбарӣ таҷдид гардида, барномаи мазкур васеъ карда шуд. Махзани ягонаи электронии бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар айни ҳол вазифаҳои зеринро иҷро намуда, аз он метавон чунин маълумотҳоро дастрас намуд:
- маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида аз рӯи моддаҳои алоҳидаи КҲМ;
- маълумот оид ба протоколҳои маъмурие, ки муҳлати ситонидани ҷаримаи маъмуриашон ба таъхир афтодааст;
- гирифтани шакли ягонаи ҳисоботи умумии моҳона, солона, инчунин аз рӯи моддаҳо, ҷазоҳои таъиншуда ва ғ. дар муқоисаи солҳои пешини ҳар як гуруҳ, шуъбача, шуъба ва раёсат.
- муайян намудани ҳолатҳои такроран содиршавии 13 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ, такроран содир намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад,
- маълум кардан аз рӯи аломати огоҳкунӣ оид ба вайрон намудани муҳлати мурофиавии пардохти ҷарима ё дигар иҷрои ҷазо, инчунин гирифтани ҳисобот оид ба он,
- муайян намудани тартиби воридкунии пардохти маблағи ҷарима вобаста ба протоколҳои аз рӯи тобеият воридшуда,
- сохтани логинҳо ва паролҳо нисбати ҳар як шахси ваколатдори давлатӣ, ки ҳуқуқи тартиб додани протоколи ҳукуқвайронкуниҳои маъмуриро доранд,
- ворид кардани ному насаб ва ҷойи истиқомат бо РМА,
- ҷустуҷӯи такрории бо моддаҳо,
- ҳисоботхо дар барномаи Excel,
- вориди санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ аз рӯи барномаи компютерии PDF.
Айни замон бо мақсади дастрас намудани рамзҳои алоҳида ба ҳар як корманде, ки ҳуқуқи тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз компютер ва ё телефони мобилии худ маълумотҳоро вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида дар махзани ягонаи элкетронӣ ворид созад.
Дар умум, аз аввали таъсисёбии махзани ягонаи электронӣ то имрӯз як қатор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ошкор гардида, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба махзани ягонаи электронӣ ворид карда шудааст.
Доир ба иҷрои талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва иҷрои босифати талаботи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2023, №416 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» як қатор чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шудааст. Аз ҷумла, барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдии ҷаримаҳо, дар мувофиқаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, шартномаи тарафайн бо ҶСП “Пардохти ҳушманд” ба имзо расонида шудааст, ки тибқи он барномаҳои интернетии махзани ягонаи электронӣ бо барномаҳои интернетии ҷамъияти мазкур пайваст (интеграция) карда шудааст.
Доир ба ин, сараввал аз тарафи субъектоне, ки баррасии фаъолияти амалияи маъмурӣ ба зимаашон гузошта шудааст, дар махзани ягонаи электронӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад, маълумотҳоро доир ба маблағи ҷаримаи татбиқшуда бо дарҷ намудани рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) илова намуда ва баъд аз он, ба телефони мобилии ҳуқуқвайронкунанда СМС пайёмак ворид мешавад, ки дар он ID kod (002003226271)рақами муайян барои пардохт дастрас мегардад ва пардохти ғайринақдии онро метавонад аз дилхоҳ замимабарномаҳо ва ё POS- терминалҳо бе ягон мушкилӣ амалӣ созад.
Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилиро сардор роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори раёсат дорои се муовин мебошад, ки онҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Дастгоҳи раёсат аз Шуъбаҳо (Шуъбаи назоратӣ-таҳлилӣ, Шуъбаи таҳқиқи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ-умумӣ, Шуъбаи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ), шуъбача (Шуъбачаи таҳқиқи ҳуқуқвайронкуниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ) ва гуруҳи коргузорӣ иборат буда, сардори раёсат дар салоҳияти худ вобаста ба ҳайати шахсии раёсат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан пешниҳодҳо ирсол менамояд. Воҳидҳои минтақавӣ, аз натиҷаҳои фаъолияти худ ба раёсат ҳисобот медиҳанд.
Маҳмадҷонзода С.О., сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия














