БДА: Нақши он дар ҳифзи ҷони шаҳрвандон
Дар ҷомеаи муосир рушди босуръати иқтисод ва афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ табдил додааст. Ҳамарӯза садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон тавассути нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди кишвар ҳаракат ва аз онҳо самаранок истифода менамоянд. Дар чунин шароит фаъолияти сохторҳое, ки ба танзими ҳаракат дар роҳҳо ва таъмини бехатарии шаҳрвандон машғуланд, аҳамияти махсус касб мекунад. Яке аз чунин ниҳодҳои муҳими давлатӣ Бозрасии давлатии автомобилӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он назорат аз болои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон мебошад.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда соли 2025 дар ҷумҳурӣ 1373 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда аст, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 643 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1542 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд мебинем, ки шумораи зиёди ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аслан аз беэътиноӣ, надонистану риоя накардани қоида ва аломатҳои роҳ, инчунин ҳангоми ҳаракат сари чамбарак ба телефон машғул шудани ронандагон мебошад.
Аз ҷумла аз шумораи умумии садамаҳои роҳу нақлиёт қисми зиёди онро зер кардани пиёдагардон, яъне 550 ҳолат ё 40,0 фоизи ҳодисаҳоро ва ё 408 ҳолат бархӯрди воситаҳои нақлиёт, 208 ҳолат бошад чаппа шудани воситаҳои нақлиёт ва 103 ҳолат ин зер кардани дучархаронронҳоро дар бар мегирад, ки маҳз ҳамин намуди садамаҳо бо сабаби беэътиноии ронандагон рух додааст.
Ин нишондод бозгӯи он аст, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ҳанӯз ҳам яке аз муҳимтарин масъалаҳои доғи рӯз дар ҷомеа боқӣ монда, мебояд масъулин ва сохторҳои марбут ба ин самт дар ҳифзи амнияти пиёдагардон дар роҳҳо саривақтӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Ғайр аз ин, коршиносон бар он ақидаанд, ки яке аз сабабҳои дигари ба вуҷуд омадани чунин садамаҳо аввалан зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад, пас омилҳои дигар ин суръати баланд ва манёврҳои нодуруст буда, 52 фоизи ҳодисаҳо бо сабаби суръатафзоӣ ва 35 фоиз бо сабаби сабқат ва манёвркунии нодурусти ронандагон рух додааст.
Ронандагон бояд дарк намоянд, ки ҳатто як қоидавайронкунии ба назар хурд метавонад ба оқибатҳои хеле вазнин оварда расонад.
Шитоб ва озурдахотирӣ ин омили дигари гирифтор шудан ба фалокатҳои роҳу нақлиёт мебошад, зеро бисёре аз ронандагон ҳангоми ҳаракат таваҷҷӯҳи худро на ба роҳ, пиёдагард ва ё нақлиёти рӯ ба рӯ ва дар паҳлӯяш ҳаракатдошта, балки андешаи тезтар расидан ба коргоҳ, ки аслан дар рӯзҳои корӣ чунин ҳолатҳо ба чашм мерасанд ё зуд расидан ба хонаро карда, дигар иштирокчиёни ҳаракат ғофил мемонад.
Тавре рӯзҳои корӣ ва истироҳатиро таҳлил карда баромадем, мебинем, ки дар рӯзҳои корӣ аз ҳама бештари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар рӯзҳои душанбе 216 ҳолат, чоршанбе 242 ҳолат, шанбе 248 ҳолат ва якшанбе 242 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин рӯзҳо 64,8 фоизи шумораи умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро ташкил медиҳанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки садамаҳои нақлиётӣ натанҳо ронандагон, балки мусофирон ва пиёдагардонро низ ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекунанд.
Идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби донишҷӯёну ноболиғон яке аз проблемаҳои асосии доғи рӯз буда, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ баҳри пешгирӣ ва коҳиш додани чунин қоидавайронкуниҳо пайваста чорабиниҳои мақсаднокро дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ менамоянд.
Танҳо дар соли сипаришуда бо иштироки донишҷӯён ҳафт ҳодисаи роҳу нақлиётӣ, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида ва панҷ нафар ҷароҳат бардоштаанд ва бо иштироки ноболиғон бошад 20 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 12 нафар ҳалок ва 13 нафар маҷрӯҳ гардидаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз яке аз мушкилоти пешомада дар роҳҳои нақлиётгард, ин тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад, яъне бархе аз ронандагон, бахусус ронандагони нақлиётҳои мусофиркаш бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дағалона дар қатори дуюму сеюм манъ намуда ба ҳаракати дигар нақлиётҳо монеа мешаванд ва дар ин самт роҳбарият ва ҳайати шахсии БДА ВКД тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.
Дар рафти чорабиниҳои дар ин самт доиргардида аз ҷониби кормандони ниҳод 295149 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор гардида, аз ин шумора 12859 ҳолат ба таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар қатори дуюм ва сеюм рост омадааст, инчунин 13433 воситаи нақлиёте, ки дар ҷойи номуайян таваққуф карда ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод мекарданд тавассути эвакуаторҳо ба истгоҳҳои махсуси муваққатии маъмурӣ интиқол дода шудаанд.
Ин нишондодҳои самти фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ собит месозанд, ки кормандони ниҳод баҳри ба танзим даровардани ҳаракати воситаи нақлиёт дар роҳ, баланд бардоштани сатҳи интизоми ронандагон ва дар таъмини бехатарии шаҳрвандон нақши муасир гузоштаанд.
Ҳамзамон бо вуҷуди корҳои ба сомон расонидашуда, мебояд дар баробари кормандони мақомоти давлатӣ барои коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиёт фаъолони ҷомеа, низ дар баланд бардоштани фарҳанги роҳнавардӣ ва дарки масъулияти ҳар як ронандаву пиёдагард саҳмгузор бошанд.
Зеро роҳ танҳо масири ҳаракат нест, балки маконе мебошад, ки дар он амнияти ҷони инсонҳо аз сатҳи масъулият ва эҳтироми қонун вобаста аст. Ҳар қадар, ки фарҳанги ронандагӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баланд бошад, ҳамон қадар шумораи садамаҳо коҳиш ёфта, ҳаёти одамон эмин мемонад.
Амирзода Ф.М., муовини аввали сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия



















