Содир гардидани ҳодисаи ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми апрели соли 2026, тахминан соати 05:40-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе назди маркази дилхушии “Ҷавонон”, ошкоро ӯро лату куб намуда, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси А-10”-ро ки арзишаш ду ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва 110-сомонии дигарашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 17 ва ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















