Ҳалокати се нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ
13-уми апрели соли 2026, тахминан соати 19:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ВМВ-520”, Мирзозода Амонуллоҳ Холмурод, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон; Раҳимқулова Шарофат Сафаровна, соли таваллудаш 1956 ва Раҳимқулова Нуринисо Тиллововна, соли таваллудаш 1988, сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон Раҳимқулова Ш.С ва Раҳимқулова Н.Т. ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
14-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:50-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Утка”, Кузиев Абдукарим Юлдошевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаашон ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳайдаров Суҳрб Султонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Кузиев А.Ю. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.














