Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наваскарони Қӯшунҳои дохилӣ Савганди садоқат ёд карданд

14-уми апрели соли 2026 дар қисми низомии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД савгандёдкунии 500 нафар сарбозони навдаъватшуда бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, падарону модарони наваскарон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас наваскарон дар назди ҳозирин бо тантана Савганд ёд намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ меҳмонон ва падару модаронро ба ин рӯзи фаромӯшнашаванда, маросими савгандёдкунии наздиконашон, табрику муборакбод намуда, бо боварӣ зикр карданд, ки наваскарон ба савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат мекунанд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни баромади хеш зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва рӯзгори осуда маросими тантанавии савгандёдкунӣ доир гардида истодааст, ки масъулияти сарбозонро дар назди Ватан-Модар боз ҳам афзун менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ волидон ва наздикони наваскарон баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо дар баробари соҳиби номи сарбоз шудан, посдори обу хоки ин сарзамин буда, ба Ватан-модар содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамчунин наваскарон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мо ваъда медиҳем барои ҳимояи марзу буми Ватан содиқ монда, ба савганди ёднамудаи худ устувор мебошем ва барои ҳимояи ин Ватан агар лозим ояд ҷонро фидо мекунем.
Сипас, наваскарон дар назди ҳозирин бо марши тантанавӣ гузаштанд.

14.04.2026 19:28
130