Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, директори ҶДММ “Бодома”, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 5-уми сентябри соли 2019, ба боварии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 303 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои баландошёна, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ба масоҳати 75-метри мураббаъ, хонаи истиқомати медиҳад, аммо маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

14.04.2026 8:37
56